Дар чанд ҷумла
«Дар кӯрпаҳо сахт печонида нафасгир карданд». Таърихи марги як тоҷик дар зиндоне, ки Навалний даргузашт

Як вебсайти русии таҳқиқотии «Холод» дар паи сӯҳбат бо зиндониҳои имрӯзаву собиқи маҳбаси № 3 дар деҳаи Харпи минтақаи Ямало-Ненетск маълум кардааст, ки ду сол пеш як зиндонии тоҷики ин маҳбасро то мурданаш шиканҷа кардаанд.
Баҳромбек Шарифов 43 сол дошт ва бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. «Холод» дар паи сӯҳбат бо зиндониҳое, ки бо Баҳромбек ҳамроҳ дар маҳбас буданд, навиштааст, ки маъмурият ӯро «як шахси нофармон барои режими маҳбас» арзёбӣ мекард, бисёр вақт шиканҷаву азият медод ва дар ниҳоят, кушта шуд.
Ин нашрия маълум кардааст, ки Баҳромбекро аввал латукӯбу шиканҷа дода, даступояшро бастанд ва дар чанд қабат кӯрпа печонида, бо скотч маҳкам карданд. Ин шахс нафасгир шуда даргузашт.
Баъди маргаш маъмурият талошт кардааст, ки инро чун худкушӣ намоиш диҳад. Панҷ корманди зиндонро барои марги Баҳромбек бо иттиҳоми «расонидани зарари ҷисмоние, ки боиси ҳалокати инсон шуд» ва «баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ» ба ҷавобгарӣ кашиданд.
«Холод» маълум кардааст, ки шиканҷае, ки аз он марди тоҷик даргузашт, як таҷрибаи маъмулӣ дар зиндони Харп мебошад ва ҳодисаҳои монанд ба ин зиёд рух додааст. Баъзе наздикони маҳбусони дар ин зиндон солҳои 2016 а 2017 ҷондода гуфтаанд, ки то ҳол сабаби марги азизонашонро нагуфтаанд.
Рӯзи 16 феврал мақомоти идораи зиндонҳои Русия гуфт, ки Алексей Навалний, як раҳбари мухолифони Русия дар ҳамин зиндон даргузашт. То ҳол сабаби расмии марги ӯ ошкор намешавад ва ба модараш ҳам иҷоза намедиҳанд, ки ҷасади писарашро гирифта ба хок супорад. Тарафдоронаш бовар доранд, ки ӯро куштанд.
Ӯ 47 сол дошт ва барои фаъолиятҳои сиёсиаш, ки ба қавли мунаққидони Кремл, мояи асабонияти президент Владимир Путин шудааст, ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Алексей Навалнийро маҳбуси сиёсӣ меноманд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар ҳамлаи паҳподҳо ба Сочи анбори нафт оташ гирифтааст

Баъдии ҳамлаи паҳподҳои украинӣ ба шаҳри Сочии Русия, дар як анбори нафт сӯхтор сар задааст. Андрей Прошунин, шаҳрдори Сочи бо эълони ин хабар гуфтааст, пораҳои паҳпод ба анбори нафт бархӯрд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст.
Губернатори минтақаи Краснодар гуфтааст, барои хомӯш кардани алангаи оташ 1300 нафар сафабар шудаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, масоҳати сӯхтор ду ҳазор метрро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол мақомоти вилояти Воронежи Русия гуфтаанд, шаби гузашта 15 паҳподро сарнагун кардаанд. Дар ин ҳодиса чор нафар маҷруҳ шудаанд, ки ду нафарашонро бистарӣ кардаанд.
Ба ҳисоби Вазорати дифои Русия, шаби 2 ба 3-юми август, неруҳои ин кишвар 93 ҳавопаймои бесарнишинро бар фарози минтақаҳои Воронеж, Белгород, Брянск, Курск, Нижегород ва нимҷазираи ишғолшудаи Қрим нобуд кардаанд.
Дар навбати худ, Русия шаби гузашта бо 73 паҳпод ва мушак ба Украина ҳамла кардааст. Мақомоти Украина мегӯянд, дар ин ҳамла 7 нафар захмӣ шудаанд.
Дар Тоҷикистон 434 гектар ҷангал сӯхтааст

Дар ним сол 434 гектар ҷангал дар Тоҷикистон ба коми оташ рафтааст. Дар ин бора намояндагони Оҷонсии ҷангал 31-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе маълумот доданд.
Ба иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон, дар ҷангалҳои 9 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон сӯхтор сар зада, оташ зиёда аз 434 гектарро фаро гирифтааст. Мақомот гуфтанд, зарари расидаро ҳисоб доранд.
Мақомот баландшавии ҳарорати ҳаво ва хунукназарии бархе истироҳаткунандаҳоро аз сабабҳои асосии сар задани сӯхтор дар ҷангалҳои Тоҷикистон гуфтанд.
Охири моҳи июл баъзе корбарон бо пахши аксу навор аз ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) навиштанд, чанд рӯз аст, ки сӯхтор дар ҷангалҳои ин минтақа давом дорад, аммо мақомот барои хомӯш кардани оташ талош надоранд. Намояндагони Оҷонсии ҷангал ин гуна даъвоҳоро рад карда мегӯянд, сӯхтор дар ҷангалҳои кишвар як-ду рӯз зиёд давом накардааст.
Сабти филми "Ҷомӣ ва Навоӣ" баъди чор сол оғоз шуд

Баъд аз чор соли дастури роҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон, сабти филми "Ҷомӣ ва Навоӣ" дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Намояндагони идораи "Тоҷикфилм" 1-уми август хабар доданд, ки филм моҳҳои август-ноябр дар ду марҳила ва дар Тоҷикистону Узбекистон сабт хоҳад шуд.
Ба қавли манбаъ, дар Тоҷикистон қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор ва Хуҷанд ҳамчун макони сабт интихоб шудаанд.
Нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар ин филм Маҳмадсаид Шоҳиён, директори идораи "Тоҷикфилм" ва нақши Алишер Навоиро ҳунарманди узбек Илҳом Бердиев иҷро мекунанд. Тасмими ба Маҳмадсаид Шоҳиён додани нақши Абдураҳмони Ҷомӣ интиқоди баъзе корбаронро дар Фейсбук ба миён овард. Шоҳиён, ки дар чандин филм, аз ҷумла "Ашк ва шамшер" ва "Дар орзуи падар" нақш офаридааст, 20 соли ахир дар идораҳои телевизионҳои давлатӣ роҳбар буд.
Илҳом Бердиев, офарандаи нақши Алишер Навоӣ ҳунарманди Театри драмаи Тошканд ба номи Аброр Ҳидоятов аст. Ӯ дар гузашта нақши чанд шахсияти таърихӣ, аз ҷумла Бобур Мирзоро бозӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, дар соли 2021 дастур дода буданд, ки дар бораи дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филме таҳия шавад. Мақомот онро василае барои нишон додани дӯстии шоирони классики тоҷику узбек, вале мунтақидон "сиёсӣ, идеологӣ ва холӣ аз накӯҳиши ҳокимон” медонанд.
Як манбаи огоҳ соли 2024 ба Радиои Озодӣ гуфт, филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба эҳтимоли зиёд бо забони русӣ сабт ва сипас ба тоҷикӣ ва узбекӣ тарҷума хоҳад шуд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин филми таърихӣ кай намоиш дода мешавад.
Сафари президенти Эрон ба Покистон

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон 2 август бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Покистон рафт.
Дар ин сафар Масъуд Пизишкиёнро як ҳайати баландпоя, ба шумули вазири корҳои хориҷӣ Аббос Ароқчӣ ва дигар мақомҳои аршади он кишвар, ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар ин сафар Масъуд Пизишкиён бо раҳбарони сиёсӣ ва низомии Покистон, аз ҷумла, президент Осиф Алӣ Зардорӣ, нахуствазир Шаҳбоз Шариф ва фармондеҳи артиш Осим Мунир, мулоқотҳои ҷиддӣ анҷом диҳад.
Ба иттилои Радиои Покистон, ин сафар бо даъвати нахуствазири он кишвар Шаҳбоз Шариф сурат мегирад.
Ин нахустин сафари Пизишкиён ба Покистон дар мақоми президенти Эрон аст. Қаблан, 26 майи соли ҷорӣ сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Эрон сафар карда буд.
Расонаҳои Эрон навиштанд, Пизишкиён ҳангоми тарки Теҳрон гуфт, ки Исломобод дар ҷанги 12-рӯза, ҳамлаи Исроилро маҳкум намуд ва аз Эрон ҳимоят кард.
Президенти Эрон бо қадрдонӣ аз ин ҳимоят гуфтааст, Теҳрон ва Исломобод талош мекунанд мубодилаи тиҷорӣ бо якдигарро ба 10 миллиард доллар боло баранд.
Вазорат мегӯянд, ки маоши миёна дар Тоҷикистон 24% зиёд шудааст

Маоши миёна дар Тоҷикистон ба 2665 сомонӣ ё қариб 280 доллар расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 519 сомонӣ ё 24 дарсад бештар аст.
Дар ин бора намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 30-юми июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дастмузди миёнаи кормандони соҳаи маориф 2441 сомонӣ, тандурустӣ 1951 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 2305 сомонӣ ва кормандони давлатӣ 2275 сомонӣ будааст.
Вазорати меҳнат дар ҳоле аз баланд шудани ҳаҷми маош дар кишвар хабар медиҳад, ки интиқоди сокинон аз кам будани дастмузд хеле зиёд садо медиҳад.
Сокинони Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ маошу нафақаи аз ҳама кам мегиранд. Бисёриҳо дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки маошу нафақа ба рӯзгорашон намерасад.
Оғози тамрини муштараки нерӯҳои баҳрии Русия ва Чин

Дар ҳоле, ки Русия ва Чин ба ҳамкориҳои танготанги низомӣ идома медиҳанд, ин ду кишвар тамринҳои муштараки баҳриро дар наздики соҳилҳои шаҳри бандарии Владивосток дар Русия, оғоз карданд.
Тибқи иттилои Нерӯҳои баҳрии Уқёнусии Ороми Русия, ин тамринҳои муштараки низомии панҷрӯза, ки аз 1 август оғоз шуд, "Ҳамкории баҳрӣ-2025" ном дорад.
Дар ин тамринҳо нерӯҳои низомии баҳрии Русия ва Чин дифои ҳавоӣ, амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷот ва ҷанги зербаҳриро омӯзиш хоҳанд дид.
Дар эъломияи нерӯҳои баҳрии Русия ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин тамринҳо бахше аз раванди рӯ ба рушди тақвияти робитаҳои амниятии дуҷониба ва чандҷониба, ба шумор меравад.
Бар асоси гузориши маркази мутолеоти стратегӣ ва байналмилӣ (CSIS) қароргоҳаш дар Вашингтон, аз соли 2003 то кунун, Пекин ва Маскав 113 машқҳои муштараки низомӣ анҷом додаанд.
Қонуни нав дар Русия. Киҳоро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд?

Владимир Путин, президенти Русия, қонунеро имзо кард, ки асос ва баҳонаҳоро барои маҳрум кардани хориҷиён ва бахусус муҳоҷирон аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар зиёдтар месозад.
Бар асоси ин қонун, ки рӯзи 31-уми июл ба имзо расид, агар як хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифта бошад ва ҷинояти сахте содир кунад, шиносномаашро аз дасташ мегиранд ва аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд.
Асосҳои нав барои маҳрумсозӣ ҷиноятҳои сахт, ба мисли қатл, таҷовузи гурӯҳӣ, таҷовуз бо бераҳмии хос буда метавонанд.
Як асосе, ки метавонад, ҳар каси дигареро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум созад, ифротгароӣ ва дуруст шуморидани терроризм аст.
Солҳои охир теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия бахусус бо иттиҳоми ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Чанде аз раҳбарони ҷамъиятҳои тоҷиконро бе ягон гуноҳ ва гоҳе бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда ба Душанбе супурдаанд.
Ҳамчунин агар касе, ки бо кӯдаки то 12-сола иртиботи ҷинсӣ дошт ё кӯдакону наврасонро ба танфурӯшиву иртиботи ҷинсӣ маҷбур месозад, ё маводи порнографӣ бо ҳузури кӯдаконро омодаву нашр мекунад, аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешавад.
Ҷиноятҳои дигаре ба мисли таҳдид ба амнияти миллӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои душмани Русия ҳам метавонанд, асос барои бозпас гирифтани шиносномаи русӣ аз як муҳоҷир шаванд.
Шумори шаҳрвандони Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва танҳо соли 2022 беш аз 170 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.
Тарҳи қонуни мазкурро рӯзи 16-уми июл Думаи давлатии Русия тасвиб карда буд.
Толибзода сабаби поинравии қурби долларро дар Тоҷикистон гуфт

Қурби сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар баробари доллари Амрико 9,4 дарсад боло рафтааст.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ, рӯзи якуми август гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, ҳоло сокинон долларҳои худро бештар иваз мекунанд.
Рӯзи якуми август дар бонкҳои Тоҷикистон арзиши сад доллари Амрико 945 сомонӣ таъйин шудааст. Чаҳор моҳ пеш сад доллар 1090 сомонӣ арзиш дошт.
Толибзода сабабу омилҳои поинравии қурби долларро чунин шарҳ дод: “Якчанд омил ҳаст. Аз як тараф номуайянӣ, аз тарафи дигар зиёдшавии асъор дар бозори дохилӣ. Вақте як чиз дар бозор зиёд шуд, нархи он поин мешавад. Омили дигар савдо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, алалхусус Русия. Яъне, зиёдшавии тамоюли ҳисоббаробаркунӣ бо Русия бо рубли русӣ ҷой дорад.”
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар савдои хориҷӣ бо кишварҳои пасошӯравӣ ҳиссаи рубли Русия бештар аз 77 дарсад ва доллар 21 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки чаҳор сол пеш чунин нишондод баръакс будааст.
Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия бо кишварҳои шарики тиҷоратии худ, аз ҷумла Тоҷикистон муомилотро бо рубл ба роҳ монд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2022 бо қабули як барнома тасмим гирифт, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.
Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе изҳори нигаронӣ карданд, ки бо вуҷуди поин рафтани қурби доллар дар нархномаҳо дигаргуниеро намебинанд.
Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “ҳамеша, ҳангоми боло бурдани нархҳо афзоиши қурби долларо баҳона меоранд, лекин ҳоло арзиши он поин рафтааст, вале нархҳо мисли пеш мондаанд”.
Издивоҷи 30 ҳазор нафар дар шаш моҳ дар Тоҷикистон

Дар ним соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 30 ҳазор нафар ва ё ба таъбири дигар рӯзона тақрибан 170 ҷуфт бо ҳам ақди никоҳ бастаанд.
Омори мазкур рӯзи 31-уми июл дар нишасти хабарии Кумитаи кор бо занон садо дод.
Масъулони Кумита гуфтанд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол теъдоди ақди никоҳҳое, ки расман дар идораҳои давлатӣ сабт шудаанд, 75 маврид бештар аст.
Дар тамоми соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 75 ҳазор нафар бо ҳам издивоҷ кардаанд, ки баробар бо аҳолии ноҳияи Темурмалик ва ё Зафаробод аст. Дар он сол дар кишвар рӯзона на камтар аз 200 тӯй ва ҷашни арӯсӣ сурат мегирифтааст.
Тоҷикистон, ки аҳолии ҷавон зиёд дорад, дар Осиёи Марказӣ аз назари издивоҷ ва ҳам афзоиши суръати аҳолӣ дар яке аз мақомҳои аввал аст.
Ҳамзамон бо афзоиши издивоҷ, хушунат ва ё ҷабру зулм бахусус ба занон дар оила зиёд шудааст. Дар соли 2024 ба мақомот бештар аз 3 ҳазору 200 арзу шикоят расидааст ва ба зидди 87 нафар ҳам парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Бино ба таҳлили Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, “сабабҳои зӯроварӣ дар оила чун солҳои қаблӣ мушкилоти иқтисодӣ, афкори ақибмондаи қадимӣ, никоҳҳои бармаҳал, паст будани маърифати ҳуқуқии занҳо... боқӣ мемонанд.”
"Аҳруми фишор". Вокуниш ба ҳукми Шарофиддин Гадоев дар Русия

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, ҳукми раҳбараш Шарофиддин Гадоевро дар Русия маҳкум кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 29-уми июл Гадоев, яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро дар ғайбаш ба 8,5 сол зиндон маҳкум намуд. Мақомоти Русия ӯро ба он гунаҳкор карданд, ки дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина гуё хабарҳои дурӯғ паҳн кардааст.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд рӯзи 31-уми июл ҳукми Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскавро "як аҳруми фишори Русия" донист.
Дар баёния гуфта шудааст, ки "ҳаштуним сол зиндон танҳо як парвандаи сиёсӣ нест, балки як бахши стратегии васеътарест, ки ба даҳшатафканӣ ва хомӯш кардани муқовимати демократӣ равона шудааст ва бо ҳамоҳангии режимҳои Русия ва Тоҷикистон амалӣ мегардад."
Созмон сабаби таъқиби ҷиноиро суҳбатҳои Гадоев дар ҷараёни сафараш ба Украина донистааст, ки "ошкоро таҷовузи Русия алайҳи Украина ва қатли омми аҳолии осоиштаро маҳкум карда буд."
Дар идома дахолати Русия ба кори роҳбари як ҷунбиши сиёсӣ "ғайримантиқӣ ва дур аз меъёрҳои озодии баён" шумурда шудааст: "Мо ин амалро ҳамчун марҳилаи омодагӣ барои ҷисман аз байн бурдани роҳбари ҷунбиш арзёбӣ мекунем."
Ҷунбиш иддао кардааст, ки аз 7 то 11-уми июли имсол "ҳайати хадамоти махсуси Тоҷикистон дар шаҳри Маскав қарор дошт” ва “яке аз мавзуъҳои асосии музокира ҳамоҳангсозии амалиёти нобудсозии Шарофиддин Гадоев дар Аврупо будааст." Бо гузашти як рӯз аз нашри баёния шарҳи мақомоти Тоҷикистон ва Русия дастрас нест.
"Русия солҳои дароз пуштибони сиёсӣ ва амалии диктатураи Тоҷикистон буда, аз интиқоли технологияҳои саркӯбгар то иштирок дар рабудан, шиканҷа ва қатли мухолифони сиёсӣ дасти дароз дорад. Амалиёти муштараки ин ду режим боис ба гусехтагии комили ҷомеаи шаҳрвандӣ, табдили Тоҷикистон ба як давлати тоталитарӣ ва саркӯби ҳар гуна дигарандешӣ гардидааст,” – гуфта шудааст дар баёния.
Мақомоти интизомии Русия дар гузашта баъзе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро дастгир карда, барои муҳокима ба Душанбе фиристодаанд. Аз ҷумла, Шарофиддин Гадоев дар соли 2019 ҳангоми сафараш дар Русия боздошт ва ба гуфтаи худаш дар шароити мармуз ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Дар давоми ду ҳафтаи талошҳои ҷомеаи байнулмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупову ҳукумати Ҳолланд, Гадоев озод шуд ва ба Аврупо баргашт.
Шарофиддин Гадоеви 40-сола, ки дар Тоҷикистон тиҷорат дошт, соли 2012 ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов тарки кишвар карда, сипас "Гурӯҳи 24"-ро созмон доданд. Пас аз кушта шудани Қувватов дар соли 2015 ӯ аз ин гурӯҳ рафт. Ҳоло раҳбарии Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро ба уҳда дорад ва муқими Ҳолланд аст.
Шумораи қурбониёни ҳамла ба Киев афзудааст

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев ба 28 кас расид.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина эълом кард, ки се нафари онҳо аз се то ҳабдаҳсола ҳастанд.
Ҳамла шаби 30 ба 31-уми июл сурат гирифт.
Ба иттилои мақомоти Украина, 159 кас, аз ҷумла 16 кӯдак захмӣ шудаанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ин рафтори Русияро "зишт" номид ва ваъда дод, ки алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
"Ман фикр мекунам, кори онҳо зишт аст," – гуфт Трамп рӯзи 31-уми июл ба хабарнигорон.
Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, ки шаби гузашта 44 дрон ё паҳподи Русияро дар саросари ин кишвар сарнагун карданд.
Вазорати дифои Русия дар навбати худ хабар дод, ки 60 дрони украиниро бар фарози Белгород ва Ростову Краснодар аз байн бурдааст.
Раиси Кумитаи замин табодули заминро бо Қирғизистон шарҳ надод

Раиси Кумитаи давлатии замин дар Тоҷикистон, аз шарҳи табодули қитъаҳои замин бо Қирғизистон худдорӣ кард.
Ориф Хоҷазода рӯзи 1-уми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, нишонагузории марз ҳанӯз ҷараён дорад ва то ин раванд тамом нашавад, ҷузъиётро ошкор нахоҳанд кард.
Ӯ дар мавриди он ки роҳи Исфара – Ворух дар ҳудуди кадом кишвар сохта мешавад, низ худдорӣ кард. Танҳо гуфт, “албатта, дар ҷойи нав сохта мешавад”.
Худдории раиси Кумитаи замин дар ҳолест, ки созишномаҳои марбутаи ду кишвар дар ҳама сатҳҳо тасвиб шудаанд ва ҷониби Қирғизистон ҷузъиёти манотиқи табодулшударо ҳанӯз дар рӯзҳои аввали тавофуқ шарҳ дода буд.
Шикоятҳо аз ҷамъоварии пул дар мактабҳо кам шудааст?

Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ танҳо як шикоят аз ҷамъоварии пул дар мактаб дарёфт кардаанд.
Муҳаммадтоир Саидзода, раиси Оҷонсӣ, рӯзи 31-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи гузашта вобаста ба ҷамъ кардани пули таъмир дар мактабҳо на аз ҷониби волидайн ва на аз ҷониби афроди дигар ба ин ниҳод мустақиман ягон шикоят ворид нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо як номаи шикоятӣ аз ноҳияи Айнӣ дарёфт кардаанд, ки як банди он ба ҷамъовариии пули таъмир дар мактабҳо будааст. Раиси ин Оҷонсӣ гуфт, гурӯҳи кории онҳо ба ин ноҳия рафта, шикояти мазкурро мавриди санҷиш қарор додааст, вале вуҷуд доштани ҷамъоварии пул барои таъмир тасдиқи худро наёфтааст.
Дар Тоҷикистон таҳсил дар мактаби миёна ҳатмӣ ва ройгон аст, вале талаб кардани маблағ дар мактабҳо ҳарфи тоза нест. Тақрибан ҳамасола бо оғоз ва анҷоми соли таҳсил ин мавзӯъ доғ мешавад. Ин маблағҳо аксаран бо баҳонаи таъмири мактабҳо аз хонандагон ҷамъоварӣ мешавад.
Ҳарчанд мақомоти маҳаллӣ борҳо ҷамъ кардани пули таъмири мактаб аз волидайнро манъ кардаанд, вале шикоятҳои сокинон аз ин кор ҳамчунон кам намешавад.
Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон кам мешавад

Масъулони ширкати "Брешно"-и Афғонистон гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар зимистони оянда содироти барқро ба Афғонистон кам мекунад.
Абдулборӣ Умар, мудири масъули ширкат, дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи Amu.tv хабар додааст. Вай сабабро дар мушкилоти дохилӣ дар таъминоти барқ гуфтааст.
"Мутобиқи маълумоти мавҷуда, дар ин зимистон мо 25 дарсад камтар аз соли гузашта барқ хоҳем гирифт”, -- гуфтааст Абдулборӣ Умар.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 150 мегават барқ ба Афғонистон мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон 718 миллион киловат соат барқ ба арзиши 312 миллион сомонӣ (тақрибан 33 миллион доллар) содир кардааст. Ин тақрибан 64 дарсади ҳаҷми умумии содироти барқи Тоҷикистонро дар ин давра ташкил медиҳад.
Содироти барқ ба Афғонистон дар доираи созишномае амалӣ мешавад, ки соли 2008 байни ду кишвар баста шудааст. Муҳлати амали ин созишнома 20 сол аст.
Фавти ду муҳоҷири кории тоҷик дар тасодуфе дар Русия

Дар натиҷаи ба обанбор сарозер шудани сабукрави "Шевроле Ланос" дар шаҳри Смоленски Русия ду муҳоҷир аз Тоҷикистон ҷон бохтаанд.
Мақомот ҳувияти фавтидагонро нагуфтанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз онҳо Ибодулло ва Сомон ном бурда шуда, яке 28 ва дигаре 23-сола будаанд.
Сабабҳои рух додани тасодуф маълум нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Смоленск танҳо гуфтаанд, ки ронандаи 28-сола аз уҳдаи идораи сабукрав баромада натавониста, ба обанбор чаппа шудааст.
Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд.
Ба ҳисоби миёна, соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.
Гуфтугӯ