Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Тоҷикистон ҷузъиёти созишро бо Қирғизистон расонаӣ намекунад?


Хабаргузориҳои Қирғизиcтон рӯзи 29-уми апрел бо нашри ин акс навиштанд, ки марзбонон кашидани симхорро дар сарҳад бо Тоҷикистон сар карданд
Хабаргузориҳои Қирғизиcтон рӯзи 29-уми апрел бо нашри ин акс навиштанд, ки марзбонон кашидани симхорро дар сарҳад бо Тоҷикистон сар карданд

Бо гузашти беш аз чаҳор моҳ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам минтақаҳо ва маҳалҳои табодулшударо бо Қирғизистон эълон намекунад. Дар ҳоле ки мансабдорони Қирғизистон пеш аз имзои созишнома баъзе ҷузъиётро ошкор карда буданд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, рӯзи якуми август дар посух ба суоли хабарнигорон ин тасмимро ба идомаи нишонагузории сарҳад пайванд дод.

Ӯ гуфт: "Раванди демаркатсия кори муштарак мебошад ва бо ҳадафи халалдор накардани ҷараёни кор на ҳама ҷузъиётро метавон шарҳ дод. Ин чизҳоро баъди ба итмом расидани кор роҳбарони комиссияҳои муштараки байнидавлатӣ бо мувофиқаи якдигар метавонанд расонаӣ кунанд."

Худдории раиси Кумитаи замин дар ҳолест, ки созишномаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳама сатҳҳо ба имзо расидааст.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амният ва ҳамзамон раиси комиссияи муштараки байнидавлатӣ аз ҷониби Қирғизистон, хеле барвақт, замоне ки Душанбе ҳанӯз созишномаро тасвиб накарда буд, дар порлумони кишвараш ҷузъиёти манотиқи табодулшударо шарҳ дод.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, деҳаи Достук дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон пурра ба Тоҷикистон дода мешавад. Дар ивази ин деҳа, яъне 91 гектар, Қирғизистон ҳамин миқдор замин ва боз як қитъаи иловагиро аз Тоҷикистон мегирад. Душанбе ин гуфтаҳоро тасдиқ ё рад накарда, ҳамзамон шарҳи худро баён надоштааст.

“Дар як ҷо кам асту дар ҷойи дигар зиёд”

Таҳлилгар Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, далелеро барои пешниҳод нашудани ҷузъиёти созиши марзӣ аз сӯйи мансабдорони тоҷик намебинад. “Ақаллан ҳамон гуфтаҳои раиси комиссия аз ҷониби Қирғизистон, раиси Кумитаи амнияти миллиашон Тошиевро тасдиқ кардан даркор буд. Агар дар ҳақиқат дуруст гуфта бошад. Тасдиқи он аз ҷониби Тоҷикистон ҳам зарур буд,” -- бовар дорад Мирсаидов.

Дермонии Тоҷикистон дар расонаӣ кардани созиши марзӣ баъзе ҳадсу гумонҳоро ба бор овардааст. Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ як далели худдории мақомдорони тоҷикро ба он рабт додаанд, ки гуё Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон манотиқи бештарро аз даст додааст.

Мирсаидов мегӯяд, бо такя ба он чи ҷониби кишвари ҳамсоя эълон кард, дида мешавад, ки “бохти зиёде нашудааст” ва ин табиист, ки гузаштҳое аз ду тараф сурат гирифтааст ва “дар як ҷо кам асту дар ҷойи дигар зиёд”.

Тоҷикистон ва Қирғизистон баҳси беш аз 40-солаи марзиву арзии миёни якдигарро пас аз низоъ ва даргириҳои зиёде, ки аз ҳар ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, дар баҳори имсол бо имзои созишномаи доимӣ ҳал карданд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 27-уми феврал дар порлумони кишвараш гуфт, ҷонибҳо хати марзро бар асоси харитаи соли 1991 кашиданд. Тоҷикистон то ин созиш ҳамеша дар баҳсҳои марзӣ ба харитаи солҳои 1924-27 ва 1989 такя дошт.

Аз он ҷо, ки ҷузъиёти ин харита ҳам дар дастрас нест, то кунун маълум нест, ки сарнавишти манотиқе чун Ворух, чоркӯчаи ҷанҷолӣ ва шабакаи таъмини об (водозабор) бо чӣ анҷомид. Ҳоло, ба гуфтаи раиси Кумитаи замини Тоҷикистон, баъди созишнома хати сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар 1008 километр тӯл дорад.

XS
SM
MD
LG