Аксари мардуми Тоҷикистон аз шодии поёни маҳдудияти зимистонии барқ сер нашуда, ба ғами бебарқиҳои тобистонӣ гирифтор шудаанд. Масъулони бахш аз гармо то тарҳу лоиҳаҳои навро баҳонаҳое баро ин бебарқӣ метарошанд. Аз ҷумла тарҳҳои нав ва сохтани шабакаву хатҳои ҷадиди барқ як сабаби бе барқ мондани мардум дар фасли тобистон шудаанд.
Абдуалим Самиъзода, як масъули баландпояи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" 30-юми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки иҷрои тарҳҳои нав онҳоро маҷбур мекунад, ки мардумро бе нерӯи барқ гузоранд.
"Имсол 4 лоиҳаи бузург дар миқёси ҷумҳурӣ амал карда истодааст. "Лоиҳаи электрофикатсияи деҳот", "Барномаи рушди соҳаи энергетика", "CASA – 1000" ва тарҳи "Кам кардани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон". Албатта барои амалӣ кардани ин лоиҳаҳо, тавре маълум аст, бе хомӯшкунии шабакаи барқ, иҷро кардани корҳо дар шабакаҳои барқӣ ғайриимкон аст",-мегӯяд Самиъзода.
Дар Тоҷикистон умдатан дар фасли тирамоҳу зимистон нерӯи барқро дар соатҳои муайян медиҳанд, аммо имсол вазъ дар тобистон ҳам чунин буд. Сокинони чандин минтақаи кишвар шикоят карданд, ки дар фасли тобистон рӯзона чанд соат барқ надоранд. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об 25-уми июл гуфт, ки ҳавои гарми тоқатфарсо, сабаби қатъи нерӯи барқ шудааст. Ба гуфтаи вазир, ин вазъ қатъи барқ бештар дар вилояти Суғд сабт шудааст.
"Дар ҳақиқат, махсусан дар моҳи июл ва қисман дар моҳи июн дар баъзе мавридҳо маҳудудияти барқ ҷой дошт. Новобаста аз он, ки иқтидорҳои истеҳсолии энергияи барқ басанда буданд, азбаски ҳаво бисёр гарм буд, таъсири технологӣ ба кори таҷҳизотҳо, махсусан дар шабакаҳои барқӣ расонида буд",-гуфт вазири энергетика.
Масъулони Шабакаҳои тақсимоти барқ мегӯянд, барои пешгирӣ аз садама дар хатҳои баландшиддат ва ё зеристгоҳҳо, маҷбуранд интиқоли нерӯи барқро қатъ кунанд. Аммо ин масъулон ба ин суол посух надоданд, ки чаро ин мушкил дар кишварҳои гармтар аз Тоҷикистон пеш намеояд ва оё сард кардани фазои зеристгоҳҳо ва истгоҳҳои барқӣ имконпазир нест?
Шикояти сокинон на танҳо дар манотиқи дурдаст, балки дар маҳаллаҳои атрофи Душанбе аз бебарқӣ дар тобистон кам намешавад. Малика, сокини маҳаллаи "Сабзикор" дар канори Душанбе мегӯяд, ки баъзе рӯзҳо то 3-4 соат бе барқ мемонанд. "Трансформатор бисёр вақт вайрон мешавад, мекушанд, боз омада гирён мекунанд”, - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Ҳарчанд на вазири энергетика ва на масъулини Шабакаҳои тақсимоти барқ иқрор нашуданд, аммо яке аз кормандони соҳаи барқ дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки далели асосии бебарқӣ дар тобистон, тоб наовардани хатҳои интиқол аз сабаби фарсуда шудани низоми энергетикӣ ҳаст.
Талаботи солонаи Тоҷикистон дар умум 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ гуфта мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон, дар Тоҷикистон 11,8 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид шудааст.