Бо гузашти беш аз чаҳор моҳ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам минтақаҳо ва маҳалҳои табодулшударо бо Қирғизистон эълон намекунад. Дар ҳоле ки мансабдорони Қирғизистон пеш аз имзои созишнома баъзе ҷузъиётро ошкор карда буданд.
Хонаводаи Маҳмурод Одинаев, муовини пешин ва зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, аҳволи ӯ баъди суол пурсидан дар як вохӯрӣ “бадтар шудааст ва аз Маҳмурод қасос мегиранд.”
Ҳукумати Тоҷикистон дар талоше барои боло бурдани мақоми омӯзгор ва ҳалли мушкилоти мактабҳои муҳтоҷи муаллим тарҳи қонунеро барои баррасӣ ба порлумон фиристодааст.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар нахустин вокуниш ба монеъ шудани мақомоти тоҷик ба ҳузури варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои исмоилӣ гуфт, ин нақзи ҳуқуқи мазҳабии исмоилиён нест.
Марги Хусрав Одинаев, навраси 15-сола аз маҳаллаи Меҳргони шаҳри Турсунзода, сокинони ин маҳалла ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистонро ваҳшатзада кардааст.
Як муассисаи байналмилалии молӣ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта ва имсол рушди қавие доштааст, вале идомаи ин раванди мусбат ба азми ҳукумат барои идомаи ислоҳот вобаста аст.
Додгоҳи низомии вилояти Хатлон як сарбози неруҳои марзбониро бо гуноҳи ба марг расондани ҳамхизматаш 10 сол зиндонӣ кард. Ҳукм 29-уми июл эълон шуд.
Дар як моҳи гузашта дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ду сокини як деҳа ба таври мармуз ҷон бохтанд. Наздикони онҳо талаб доранд, ки омилони ҳодиса ҳарчи зудтар ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Бино ба як гузориши тозаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират танҳо дар зарфи 10 рӯзи моҳи июл бештар аз 1000 нафар аз афғонистониҳо аз Тоҷикистон ба кишварашон баргаштаанд ва аксарияташон ихроҷ шудаанд.
Дар идомаи қабули фармону қарорҳое, ки шароити кору зиндагӣ барои муҳоҷирон дар Русияро сахт кардаанд, шаҳрдори Санкт Петербург фармон додааст, ки муҳоҷирони корӣ аз ҳаққи таксиронӣ дар шаҳр то охири имсол маҳрум карда шаванд.
Ёфтҳои бештар