Медведев ҳафтаи гузашта дар шабакаи Х навишта буд, "зарбулаҷалҳои Доналд Трамп ба Русия гумроҳкунанда ҳастанд ва метавонад беш аз аз ончӣ, ки фикр мекунад, дар дохил ба ӯ осеб бизанад".
Ӯ афзуд буд, "Трамп дар ҳоли бозии зарбулаҷал бо Русия аст. 50 рӯз ё 10 рӯз ... ӯ бояд ду чизро дар хотир дошта бошад: аввал, Русия Исроил ё ҳатто Эрон нест. Дувум: Ҳар зарбулаҷали нав як таҳдид ва қадаме ба сӯи ҷанг аст".
Доналд Трамп 1 август дар Truth Social, шабакаи иҷтимоии худ, навишт, "дастур додаам, ки ду зердарёии ҳастаӣ дар минтақаҳои муносиб ҷобаҷо шаванд, фақат ба ин сабаб, ки мабодо ин изҳороти аҳмақона ва таҳрикомез чизе беш аз ин бошад. Калимаҳо бисёр муҳим ҳастанд ва ғолибан метавонанд боис ба паёмадҳои нохоста шаванд, умедворам ин яке аз ин мавридҳо набошад".
Раисҷумҳури Амрико ва Медведев дар рӯзҳои ахир пас аз он, ки Трамп 30 июл гуфт, Русия "аз имрӯз то 10 рӯз" фурсат дорад то бо оташбас дар Украина мувофиқат кунад ё ҳамроҳ бо харидорони нафти худ бо таърифҳо рӯбарӯ хоҳад шуд, ба якдигар таъна заданд.
Маскав ки шартҳои худро барои сулҳи Украина муайян кардааст, ҳеч нишонае аз пойбандӣ ба зарбулаҷали Трамп нишон надодааст.
Аз оғози таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, ки Маскав ҳазорон сарбоз ба ҷабҳаҳо фиристодааст, Дмитрий Медведев ба унвони яке аз сареҳтарин чеҳраҳои зиддиғарбии Кремл, зуҳур кардааст.
Мунтақидони Кремл ӯро ба унвони як фарди бемасъулият мавриди масхара қарор медиҳанд, ҳарчанд бархе дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд, изҳороти ӯ нишондиҳандаи тарзи тафаккури ҳалқаҳои тасмимгиранда дар сиёсатҳои Русия аст.
Медведев аз соли 2008 то 2012 як давра раисҷумҳури Русия буд ва амалан ҳамчун ҷойнишини Путин амал мекард.
Доналд Трамп нагуфт, ки манзураш зердарёиҳои ҳастаӣ аст ё зербаҳриҳои мусаллаҳ ба силоҳи ҳастаӣ. Ӯ ҳамчунин дар мавриди макони ҷобаҷойии ин зердарёиҳо шарҳе надод.
Амрико ва Русия дорои захираҳои азими ҳастаӣ дар ҷаҳон ҳастанд ва Вашингтон зербаҳриҳои мусаллаҳ ба силоҳи ҳастаиро ба унвони бахше аз ба истилоҳ, сегонаи ҳастаии худ шомили таслеҳоти заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ, дар ҳоли гаштзанӣ нигаҳ медорад.
Гуфтугӯ