Трамп: "Коре, ки Русия мекунад, нафратангез аст"

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико

Раисҷумҳури Амрико рафтори Русияро бо Украина "нафратангез" хонд. Доналд Трамп рӯзи 31-уми июл гуфт, дар сурати ҳосил нашудани ягон созиш бо Маскав ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.

"Ба андешаи ман, коре, ки Русия мекунад, нафратангез аст. Ин ҷанги Байден аст, ҷанги ман нест. Вале онгуна, ки гуфтаам, агар ман омадам, ба ин чизҳо поён медиҳам. Он чи ки Русия мекунад, ғамангез аст. Русҳои зиёде мемиранд. Украиниҳо мемиранд," – афзуд ӯ.

Трамп, ки дар Кохи Сафед бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, мутмаин нест, ки таҳримот Русияро бозмедоранд ё не. Ӯ ба президенти Русия Владимир Путин то рӯзи 8-уми август муҳлат додааст, ки ба созиш бирасад, вагарна Русияро зери фишори сахти иқтисодӣ қарор медиҳад.

Кишварҳои ғарбӣ то кунун таҳримҳои зиёди иқтисодиву молӣ ба зидди Русия ҷорӣ карда, иқтисоди онро ба мушкилот гирифтор сохтаанд ва саъй доранд, Русияро аз даромадҳои молӣ барои сармоягузории ҷанг дар Украина маҳрум намоянд.

Доналд Трамп гуфт, Стив Виткоф, фиристодаи вижаи Амрико, баъд аз поёни дидорҳо дар Исроил ва баррасии вазъ дар Ғазза ба Русия меравад. Вай дар бораи замони сафари Виткоф ба Маскав чизе нагуфт.

Чанд соат пештар аз ин баёнияҳои Трамп, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, хоҳони “тағйири режим” дар Маскав шуд, зеро ба қавли ӯ ягона роҳи монеъ шудан ба талошҳои Русия барои бесуботсозии минтақа дар оянда ҳамин аст.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Украина, дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподҳои Русия ба шаҳри Киев дар шаби 30 ба 31-уми июл камаш 31 нафар, аз ҷумла се кӯдак кушта ва беш аз 150 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Трамп: "Амали Русия нафратангез аст!"